Дар Душанбе барои нахустин бор “Шаби аниматсияи тоҷик” баргузор мегардад

Шоми 14 июли дар қаҳвахонаи “Паркинг”-и шаҳри Душанбе аввалин ҳамоиши ҳунарии “Шаби аниматсияи тоҷик” доир мегардад. Дар ин бора Фирдавс Насруллозода, масъули ин чорабинӣ ба радиои “Тоҷикистон” хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиши мазкур нахустнамоиши филми аниматсионии “Зани порсо”, муаррифии аниматору комиксҳои кишвар дар назар аст.

Ҳамчунин қарор аст лоиҳаи нави “Ҳафт хони Рустам”, ки бар пояи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ омода гардидааст, рӯнамоӣ гардад.

Дар назар аст, ки барои алоқамандони аниматсия вижагиҳои ин риштаи ҳунар омӯзонида шавад.

Бояд гуфт, ки ҳамоиши “Шаби аниматсияи тоҷик” бо ташаббуси Chatr Media ва Tajik Animation Studio роҳандозӣ мегардад.

Хоҳишмандон метавонанд барои ширкат дар ин ҳамоиш худро тариқи рақамҳои +992 919644486 то рӯзи 13 июл, соати 22:00 сабтином намоянд.