Тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо ҳамсолонашон аз Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом доданд.
Рақобат миёни ин тимҳо дар варзишгоҳи «Металлург»-и Бекобод баргузор гардида, бо пирӯзии тими Ӯзбекистон – 2:0 анҷом ёфт. Аз ҳайати мизбонон голҳоро Отабек Ҷӯрақузиев ва Улуғбек Ҳошимов ба самар расониданд.
Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «D» ҳунарнамоӣ мекунад. Рақибони тими миллӣ, дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (3-июн), АМА (6-июн) ва Ҷопон (9-июн) хоҳанд буд.
Бозии дӯстона:
Ӯзбекистон (U-23) – Товикистон (U-23) – 2:0
Голҳо: Отабек Ҷӯрақузиев, 16 (1:0). Улуғбек Ҳошимов, 73 (2:0).