Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини тарзи самбо соли 2022 бояд дар шаҳри Ашқободи Туркменистон баргузор мегардид. Ҷумҳурии Туркманистон барои баргузории ин мусобиқа дар Ашқобод розӣ нашуда, аз мизбонии ин мусобиқа даст кашидааст.
Дар ин бора Федератсияи миллии ин кишвар ба FIAS пешниҳод кардааст, ки макони баргузории мусобиқаро иваз намоянд. Қарорҳои дахлдорро аъзои Кумитаи иҷроияи FIAS рӯзи 27-апрел қабул намуданд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар медиҳад.
Ҳамин тавр бо қарори Федератсияи байналмилалии самбо, чемпионати ҷаҳон оид ба ин навъи варзиш дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ва чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасон дар пойтахти Арманистон шаҳри Ереван баргузор мегардад.
Баргузоршавии чемпионати ҷаҳон дар Бишкек рӯзҳои 11-13 ноябр ба нақша гирифта шудааст. Инчунин мусобиқа миёни наврасон рӯзҳои 14-16 октябр дар Ереван баргузор хоҳад гашт.