Ба иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хўроквории ғанигардонидашуда », ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумазода Ш., Муъминова Ф. ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Г. пешниҳод гардидааст баррасӣ гардид.
Зимни баррасии ин масъала Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об вазамин Рустам Латифзода таъкид намуд, ки мақсад аз пешниҳоди лоиҳа мутобиқгардонии меъёрҳои Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани норасоиву носаҳеҳии меъёрҳои алоҳидаи Қонуни амалкунанда, мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани баъзе муносибатҳое, ки дар Қонуни амалкунанда пешбинӣ нашудаанд.
Дар лоиҳаи Қонун ба моддаи 1 сархати панҷум илова гардида, он шарҳи сифати маҳсулоти хўроквории ғанигардонидашударо, ки дар матни қонун ҷой дорад, муайян намуда, ба қисми 2 моддаи 3 пас аз калимаи «содиркунандагон» калимаи «воридкунандагон» илова карда шавад, дар ин рабт доираи субъектоне, ки нисбати онҳо конун татбиқ мегардад, васеъ карда шудааст.
Дар сархати дуюми моддаи 4 ва матни Қонун бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба меъёрдарории техникӣ» калимаҳои «(ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ)» ба калимаҳои «(санадҳои меъёрии техникӣ)» иваз карда шудаанд, зеро ғанигардонии маҳсулоти хўрокворӣ на танҳо тавассути Қонуни амалкунанда, балки санадҳои меъёрии техникӣ, яъне регламентҳои техникӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, ба роҳ монда мешавад.
Бо илова ба моддаи 8 татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он ба доираи ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ мансуб дониста шудааст.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба талаботи моддаҳои 5 ва 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.
Манбаъ: МН ҶТ