Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2021 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба муносибати 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷаллаи “OCA Magazine” мақолаҳо зери унвонҳои “Даври панҷуми фаъолияти президентии Эмомалӣ Раҳмон” ва “Исмоили Сомонӣ – абармарди хирад ва сиёсат” нашр гардиданд.
Дар мақолаҳо маълумот дар бораи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаёти шоҳ Исмоили Сомонӣ оварда шудааст.
Шакли электронии маҷалла дар ин пайванд дастрас аст.