Обу ҳаво
16 март ҳарорати ҳаво дар шаҳри Бохтар рӯзона +15…+17° гарм шуда, қисман абрнок аст. Шабона ҳаво бебориш буда, ҳарорати ҳаво +1…+3° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ рӯзона дар баъзе холатҳо борони суст меборад. Ҳарорати ҳаво +5…+7° гарм мешавад ва шабона бошад, барф борида, ҳарорати ҳаво -4…-2° хунук мешавад.
Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хуҷанд рӯзона +8…+10° гарм шуда, бе бориш аст. Шабона бошад, -3…-1° хунук шуда, туман мефарояд.
Дар шаҳри Душанбе 16 март ҳарорати ҳаво рӯзона +14…+16° гарм ва шабона аз -2 … 0° мерасад.
Агентии обуҳавошиносӣ огоҳ мекунад, ки шабонарӯзи наздик дар роҳҳои нақлиётгарди ағбаҳои ҷумҳурӣ пайдоиши барфтӯдаҳо ва рӯзи 16 март зуҳуроти яхбандӣ боқӣ мемонад. Рӯзҳои 15-19 март дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма пешгӯӣ шуда, дар водиҳо ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва НТҶ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.
Қурби асъор
Бонки миллии Тоҷикистон барои рӯзи 16 март 1 долларро ба 11,30 сомонӣ, 1 евроро ба 13,49 сомонӣ ва 10 рублро ба 1,53 сомонӣ баробар кардааст.
Тақвими рӯз
Дар ин рӯзи соли 1976 дар конфронси байналмилалии Ямайка созишнома дар бораи низоми нави асъори байналмилалӣ ба имзо расид;
16 марти соли 2010 дар Хоруғ аввалин шумораи рӯзномаи «Ҳаёт» нашр шуд;
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дурӯзаи Шӯрои XXI роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии давлатҳои ИДМ ба анҷом расид;
Имрӯз Рӯзи мотами миллии курдҳо ва Қазоқистон Рӯзи гвардияи ҷумҳуриявӣ таҷлил мешавад.
Ҷадвали пахши барномаҳои Радиои “Тоҷикистон”
“Густариши ҳамкории ИМА бо кишварҳои Осиёи Маркаӣ” мавзӯи меҳварии имрӯзаи барномаи “Набзи сиёсат” аст. Барои ошнои бо ин мавзӯъ метавонед дар соати 11:40 Радиои “Тоҷикистон”-ро бишнавед.
Ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ бошад, ба Шумо тавсия медиҳем, то аз тавсияҳои барномаи фароғатии “Танаффус” дар соати 12:15 ғизои маънавӣ бигиред.
Боварӣ дорем, ки барои ҳар деҳқону боғпарвар барномаи шунидании “Ҳаёти деҳот” ҷолиб аст. Пас имрӯз дар соати 14:10 ин барномаро бо мавзӯи “Корҳои агротехникӣ ва парвариши зироат дар фасли баҳор” бишнавед.
Саноатикунонии мамлакат ба мо чӣ медиҳад? Агар ба ин савол ҷавоб гирифтаниед, пас барномаи “Маҷро”-ро дар соати 17:40 бишнавед.
Дар соати 19:20 барномаҳои фароғатии Радиои “Тоҷикистон” рӯйи мавҷи 104,7 fm бо барномаи “Шом ба хайр” оғоз мешаванд.
Ҳамин тавар, Шумо метавонед дигар барномаҳои Радиои “Тоҷикистон”-ро дар мавҷи 104,7 fm шунида, бо муфассали хабару гузоришҳо дар сомонаи https://radiotoj.tj/ ва дар Фейсбуку Инстаграм, Твиттеру Телеграм ва Ютуб бо номи Радио “Тоҷикистон” ошно шавед.