Аз кумаку дастгириҳои БРСММ то пешниҳод барои корхонаҳои муштараки фармасевтӣ

22 феврали соли 2021 вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ бо намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид БРСММ дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳта ва дар ҳамин рӯз бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Хорватия Рефик Шабанович мулоқоти корӣ анҷом намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо Пратибха Меҳта Завқизода З. оид ба чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ва таъсири он ба соҳаи иқтисоди миллӣ табодули назар кард ва дархост намуд, ки кумаку дастгириҳои БРСММ ва зерсохторҳои онҳо барои амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ бештар равона карда шаванд.

Тавре, ки аз сомонаи Вазорат гуфта мешавад, дар навбати худ, намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон масъалаи мазкурро қобили дастгирӣ шуморида, омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ва ҷалби маблағҳои бештарӣ грантӣ барои татбиқи барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд.

“Аз натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо барои пешгирии оқибатҳои паёмадҳои пандемияи коронавируси COVID-19 ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, дастгирии Барномаи қолабии СММ оид ба рушд (ЮНДАФ), мусоидат барои низоми моделсозӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ, амалишавии Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот дар ҶТ барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи иқтисоди рақамии ҶТ барои солҳои 2021-2025 баён намуданд”, – омадааст дар хабар.

Дар мулоқот бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Хорватия ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, амиқгардонии шарикӣ, бахусус татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Хорватия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва дар заминаи он таъсиси Комиссияи муштараки Тоҷикистону Хорватия, инчунин баимзорасонии Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва рушди дигар самтҳои муҳим ба мувофиқа расиданд.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ буда, имконияти истеҳсолии маҳсулоти фармасевтӣ ва маҳсулоти кишоварзиро, аз қабили захираи зиёди гиёҳҳои табиӣ ва коркарди меваву сабзавот дорад. Аз ин рӯ, пешниҳод гашт, ки бо назардошти таҷрибаи муваффақи ҷониби Хорватия дар самти истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ бо ҷалби ширкатҳои маъруф ва сармоягузорони ин кишвар дар ҳудуди МОИ Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ ва коркарди маҳсулоти ниёзи аввал таъсис дода шавад.

Бояд гуфт, ки рӯзи 19 феврал мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Маҷористон баргузор гардид, ки дар он масъалаи баргузории аввалин ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Маҷористонро ба миён гузошта, омодагии худро барои ҳарчи зудтар ва дар сатҳи баланд баргузор намудани он иброз намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *