Рушди табодули молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ гардид

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Зоҳир Ағбар, Котиби дуюм ва масъули бахши иқтисодии сафорат Абдулқодир Қосим ва намояндаи тиҷоратии Афғонистон дар Тоҷикистон Фарид Аҳмад Амирӣ мулоқоти корӣ анҷом дод.

Тавре ки радиои «Овози тоҷик» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад,  зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо масъалаҳои рушди табодули молу маҳсулот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати рушд ва зич намудани иртиботҳо миёни соҳибкорону сармоягузорони кишварҳои якдигар изҳори андеша ва ҳавасмандӣ намуданд.

Инчунин, дар доираи вохурӣ масъалаи ташкили намоишгоҳи муштарак, баргузории ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар, таъсиси шурои муштараки соҳибкорони ду кишвар ва ҷалби сармояи сармоягузорони Афғонистон барои амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногун дар қаламрави Тоҷикистон, алалхусус дар минтақаҳои озоди иқтисодии наздисарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Манбаъ: www.vot.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *