Паёми “Тоҷикистон”: Имрӯз ҳавои камабру бебориш пешгӯӣ мешавад

Обу ҳаво

28 январ ҳарорати ҳаво дар шаҳри Бохтар шабона 3-5° хунук, рӯзона 11+13° гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш шуда, дар водиҳо шабона 1-6° хунук, рӯзона 9+14° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3-8° хунук, рӯзона 5+10° гарм мешавад.

Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хоруғро шабона 18-20° хунук, рӯзона 3-5° хунук пешгӯӣ мекунад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 10-15° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 18-23 хунук, рӯзона 3-8° хунук, дар шарқи вилоят шабона 26-31° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 34-39° хунук (дар мавзеи Булункӯл то 45-47° хунук), рӯзона 12-17° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 20-25 хунук мешавад.

Ба иттилои манбаъ дар шаҳри Хуҷанд ҳаво камабри бебориш шуда, шабона 3-5° хунук рӯзона 6+8°гарм мешавад. Дар водиҳои вилоят ҳарорати ҳаво шабона 1-6° хунук рӯзона 5+10° гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

28 январи соли 2021 ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш буда, шабона 5-7° хунук, рӯзона 12+14° гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои НТҶ тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3-8° хунук, рӯзона 10+15° гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 14-19° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Қурби асъор

онки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ;

1 евро – 13.6832 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1483 сомониро ташкил медиҳад.

Тақвими рӯз

28 январи соли 1943 дар Германия даъвати занон ба хизмати ҳарбӣ эълон карда шуд;

Дар ин рӯзи соли 1978 медали ҷашнии «60-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ» таъсис дода шуд;

Соли 2003 дар Британияи Кабир навъи нави сӯзишворӣ ба фурӯш бароварда шуд;

28 январи соли 2015 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид;

Имрӯз Рӯзи байналмилалии бекорон, Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи маълумоти шахсӣ ва Рӯзи байналмилалии бидуни интернет мебошад. Дар Арманистон Рӯзи қӯшун ва дар Руанда Рӯзи демократия таҷлил карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *