Хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ низ баъд аз хизмат рутба мегиранд

Дар Маҷлиси намояндагон зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» гуфта шуд, ки айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилиро ба миён меорад. 

Аз ин рӯ, дар лоиҳаи Қонун тартиби нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидааст. Бинобар ин, татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Зимнан, дар лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ карда шудааст.

Тавре дар сомонаи ин ниҳод омадааст, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шомурод зимни баррасии лоиҳаи Қонун таъкид намудааст, ки уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд».

Лоиҳаи Қонуни зикршуда аз 10 боб ва 62 модда иборат буда, бо мақсади мутобиқ намудани он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *