Имрӯз оғози рӯзи корӣ – душанбе, 18 январи соли 2021 аст.
Обу ҳаво
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 январ дар шаҳри Бохтар ҳарорати ҳаво шабона -1+1°, рӯзона 16+18° гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон шабона -3+2°, рӯзона 16+21° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 0+5° гарм, рӯзона 14+19° гарм мешавад.
Барои сокинони шаҳри Хоруғ ҳарорати ҳаво шабона 16-18° хунук, рӯзона 0-2° хунук пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби ВМКБ шабона 6-11° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 хунук, рӯзона 0-5° хунук дар шарқи вилоят шабона 22-27° хунук дар баъзе минтақаҳо то 31-36 хунук, (дар мавзеи Булункӯл 45-47° хунук ), рӯзона 15-20° хунук, (дар мавзеи Булункӯл 33-35° хунук) мешавад.
Агентии обуҳавошиносӣ ҳавои шаҳри шабона 1+3° гарм рӯзона 10+12° гарм гуфтааст. Дар водиҳои вилояти Суғд шабона -1+4°, рӯзона 9+14° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10° хунук, рӯзона 6+11° гарм мешавад.
Ҳарорати ҳаво шабона дар шаҳри Душанбе -1+1°, рӯзона 18+20° гарм мешавад. Ҳарорат дар водиҳои НҶТ шабона -2+3°, рӯзона 16+21° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 5+10° хунук, рӯзона 4+9° гарм мешавад.
Қурби асъор
Барои рӯзи 18 январи соли 2021 1 доллари ИМА ба 11,3000 сомонӣ баробар аст. Тибқи муқарароти БМТ 1 евро – 13.7013 сомонӣ ва 1 рубли русӣ ба 0,1533 баробар карда шудааст.
Хотирасон мешавем, ки қурб бидуни ӯҳдадории Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси харидорӣ ё фурӯши асъорҳои нишондодашуда бо ин нарх муқаррар шудааст. Қурби мазкур барои бонкҳои ваколатдор дар муайянкунии қурби хариди асъори хориҷӣ аз мизоҷонаш асос шуда наметавонад.
Тақвими рӯз
18 январи соли 1974 дар ИҶШС се дараҷаи ордени Шарафи Меҳнат ва медали «Собиқадори меҳнат» таъсис дода шуд;
Ҳамин рӯзи соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) шуд;
дар натиҷаи заминҷунбӣ дар шаҳри Кобеи Япония, ки 18 январи соли 1995 рӯх дод, зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд;
18 январи соли 1999 Радиои «Садои Душанбе» ба фаъолият оғоз кард. Таъсиси Шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе» пас аз расидан ба Ваҳдати миллӣ як воситаи дигар барои пур кардани фазои иттилоотии кишвар буд. Иқдоми наҷибро нависанда ва эҷодкори соҳибтаҷриба Сайф Раҳимзоди Афардӣ ба миён гузошт ва 18 январи соли 1999 нахустин барномаҳои радиои «Садои Душанбе» пешкаши шунаванда гардонида шуд.
«Садои Душанбе» аз рӯи самти фаъолият шабакаи иттилоотиву фароғатӣ буда, барномаҳо асосан ба пешрафту камбудиҳои ҷойдошта, иду ҷашнҳои милливу таърихӣ, мавзӯъҳои рӯзмара ва воқеаву ҳодисаҳои нав нигаронида шудаанд. Ин шабака барномаҳои худро 24 соат (12 соат бо пахши такрорӣ) бо ду забон -тоҷикӣ ва русӣ таҳия ва пешниҳоди шунаванда мегардонад. Теъдоди барномаҳо дар маҷмӯъ ба 40-адад мерасад, ки ҳамарӯза аз 8 то 9 барномаи асл садо медиҳад;
Имрӯз дар Тайиланд Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ аст.