Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар шаҳри Бишкек бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот нахуст ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ирсоли барқияи шодбошӣ дар мавриди қабули Қатънома дар бораи эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” ва дастгириҳои пайвастаи Созмон дар робита ба иқдомоти байналмилалии Тоҷикистон изҳори сипос карда шуда, таъкид гардид, ки дастрасӣ ба ҳадафҳои ин Даҳсола ба тақвияти минбаъдаи сулҳу субот дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Антониу Гутерриш дар навбати худ, аз ҷумла чунин изҳор доштанд: “Барои ман ҳамеша мояи хушнудии бузург аст, ки имкони мулоқот бо Шумо ва изҳори сипос аз нақши роҳбарикунандаи Тоҷикистон дар ҳалли бархе аз муҳимтарин масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосирро дорам.

Маҳз ба шарофати Тоҷикистон масъалаи об ба яке аз мавзӯъҳои марказии баҳсҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Ҳамчунин, маҳз Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаи пиряхҳо нақши пешсаф дорад.

Ман бовар дорам, ки Тоҷикистон бо қабули ин қатънома барои мо заминаи мусоид фароҳам овард, то идомаи талошҳои худро дар самти ислоҳоти созмон ба роҳ монем ва ҳамзамон ба оянда, бахусус ба наслҳои ҷавон, ки як андозаи нави ин равандро муаррифӣ мекунанд, назар андозем.

Мо ҳамеша аз ташаббусҳои Шумо ҷонибдорӣ мекунем. Ҳамзамон, дар робита ба Тоҷикистон, ҳар коре, ки аз дастамон барои дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди кишвар меояд, мо ҳамеша омодаи анҷом додани он ҳастем.

Ман дар давраи фаъолияти худ ба ҳайси Комиссари Олӣ ва Дабири кулл баъзе аз беҳтарин лаҳзаҳои фаъолияти худро ҳангоми сафар ба кишвари Шумо аз сар гузаронидаам. Меҳмоннавозии Шумо воқеан бемисл аст. Шумо на танҳо меҳмоннавозии хоссаи шахсӣ доред, балки соҳиби як кишвари аҷиб бо мардуми олиҷаноб ва неруи бузурги созанда ҳастед.

Ман инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард.

Ва умедворам, ки дар оянда, дар ҳар мақоме, ки насибам гардад, ҳатто агар танҳо ҳамчун як шаҳрванди одии ҷаҳон бошад ҳам, имкони боздид аз Тоҷикистонро пайдо хоҳам кард, то бори дигар нақши бисёр муҳимеро, ки Тоҷикистон имрӯз дар умури байналмилалӣ бар уҳда дорад, аз наздик эҳсос намоям”.

Дар идома Президенти кишвари мо  изҳор намуданд, ки Тоҷикистон аз талошҳои роҳбарияти Созмон дар раванди ноилшавӣ ба ҳадафҳои Рӯзномаи-2030 оид ба рушди устувор, барқарорсозии эътимод ва рафъи ихтилофоту низоъҳо дар паҳнои олам ва вокуниш ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим, пешгирӣ аз нестшавии гуногунии биологӣ, беҳбуди вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо комилан истиқбол менамояд.

Истифодаи муассир аз технологияҳои рақамии рушдёбанда, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, барои дарстрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор муҳим дониста шуд ва таъкид гардид, ки “Тоҷикистон зимни пешниҳоди тарҳи Қатънома оид ба “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” ҳамин ҳадафҳоро ба асос гирифтааст.

Тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиш ёфтани захираҳои об ва афзоиши хатарҳои офатҳои табиӣ аз таҳдидҳои асосии ҷаҳони муосир арзёбӣ гардид ва талошҳои пайвастаи Тоҷикистон барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба беҳтаргардонии ҳамкорӣ дар соҳаҳои обу иқлим дар доираи “Раванди оби Душанбе” таъкид шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз иқдомоти минбаъдаи Тоҷикистон дар ин самт, аз ҷумла ташкил ва баргузории босамари Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 дар Душанбе пешниҳод намуданд, ки “Чаҳорчӯбаи оби Душанбе” ҳамчун механизми роҳнамоии стратегӣ таъсис дода шавад.

Дар мулоқот масъалаҳои дигари минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ баррасӣ шуданд.