Новобаста аз таъсир ва пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, дар нимсолаи якуми соли 2026 рушди мусбати иқтисоди миллӣ таъмин гардид. Дар ин бора Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар шаш моҳи аввали соли равон суръати рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 8,2 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он ба 81,7 миллиард сомонӣ расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Таъкид гардид, ки рушди иқтисоди миллӣ асосан аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (14,1 фоиз), кишоварзӣ (7,2 фоиз), хизматрасониҳои пулакӣ (10,6 фоиз), маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ (18,4 фоиз), гардиши савдо (26,1 фоиз), боркашонӣ (14,7 фоиз) ва мусофиркашонӣ (8 фоиз) таъмин шудааст.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”
