ИСПАНИЯ БОРИ ДУВВУМ ҚАҲРАМОНИ ҶОМИ ҶАҲОН ШУД

Мунтахаби футболи Испания бо намоиши бозии пуртоқат ва ҳунари баланд дар финали Ҷоми ҷаҳон-2026 бар тими миллии Аргентина ғалаба карда, барои бори дуввум унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шуд.

Вохӯрии ҳалкунанда дар варзишгоҳи «Метлайф»-и шаҳри Ист-Ретерфорди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид. Дар 90 дақиқаи асосӣ ҳар ду даста имкониятҳои хуби голзанӣ доштанд, аммо дарвозаҳо бетасхир монданд ва бозӣ ба вақти изофӣ кашида шуд.

Қаҳрамони ин шаб Ферран Торрес гардид. Ӯ дар дақиқаи 106-уми бозӣ аз фурсати муносиб истифода бурда, ягона голро ба самар расонд ва Испанияро бо ҳисоби 1 бар 0 ба пирӯз кард.

Бо ин муваффақият мунтахаби Испания бори дуввум дар таърихи худ соҳиби Ҷоми ҷаҳон гардид ва боз як саҳифаи дурахшонро дар таърихи футболи ҷаҳон рақам зад. Аргентина, ки то лаҳзаҳои охир барои ҳифзи унвони худ мубориза бурд, бо медалҳои нуқра мусобиқотро ҷамъбаст кард.