Наврӯз — пайвандгари фарҳанг ва маърифат: Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба ҷашни “Наврӯзи”-и байналмилалӣ “Рўзи дарҳои боз” баргузор  гардид.

Дар  ҳошияи ҳамоишу нишастҳо ва маҳфилҳои  банақшагирифтаи Китобхонаи миллӣ, фурӯши китобҳои нашриёти “Адиб”, намоиш ва фурӯши сим-кортҳои ширкатҳои мобилии Вавилон-М, Тссел, Мегафон, дастовардҳои Амонатбонк, намоиш ва фурӯши маҳсулоти маҳаллӣ  ва дигар маҳфили шавқовар гузаронида  шуд.  Қабл аз оғози намоиши идона иштирокчиён бо намоишгоҳи расму ойинҳои мардумӣ, ва таомҳои миллии хоси наврӯзӣ шинос шуданд.

Тавре Сардори шуъбаи хизматрасонӣ ва истифодабарандагони Китобхонаи миллии Точикистон  Шаҳноза Дониёрова  иброз дошт дар “Рӯзи дарҳои боз” баҳри баланд намудани сатҳи фарҳангии сокинону меҳмон намоиши китобҳо гузаронида мешаванд, ки метавонанд аз ин намоиш ҳамаи ҳаводорони китобдӯст баҳра баранд.

Ҳамчунин дар ин чорабинӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Амонатбонк» маҳсулотҳои бонкиро пешниҳоди меҳмонон гардониданд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи дарҳои боз  2 рӯз идома хохад кард.

Имрӯз бо ифтихор ва шодмонӣ метавон гуфт, ки Наврӯз чун пештара ҷойгоҳи худро соҳиб гардида, дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Эҳёи расму оинҳои накӯи Наврӯз ва тарғибу ташвиқи шоистаи он дар ҷумҳурӣ ва берун аз он собит менамояд, ки Тоҷикистон ватани Наврӯз  аст.

Сурайёи Сироҷиддин,

радиои “Тоҷикистон”