Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

28 март таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис нахуст гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 шунида шуд.

Таъкид гардид, ки мақсади таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 мебошад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ тасдиқ гардида, ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад.

Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои марбута то санаи 20-уми ҳар моҳ маълумоти ҷамъбастиро ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоянд.

Дар бораи Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Барномаи рушди донорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода гузориш дод.

Сипас, дар кори маҷлис Нақшаи амали Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар солҳои 2026-2027 ва Нақшаи амали Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2026-2030 баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуд.

Дар фароварди маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва муассисаҳо оид ба иҷрои супоришҳои қаблии Роҳбари давлат ва амалисозии қарорҳои маҷлиси имрӯза дастурҳои мушаххас доданд.

Супоришҳо, ҳамчунин, оид ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиӣ, бахусус селу обхезиҳо дар фасли баҳор, вусъати корҳои созандагӣ ба хотири истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дода шуд.