27 март дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Бухоро аз корхонаи саноатии Мергантекс боздид намуданд.
Ба меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхонаи саноатӣ 2000 коргар фаъолият доранд ва 85 фоизи онро занон ташкил менамояд.
Дар корхона, ки соли 1993 таъсис ёфтааст, занҷираи истеҳсолӣ дар коргоҳҳои ришта, матоъбофӣ, рангуборкунӣ ва духти курта пурра ба роҳ монда шудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона 1 миллион дона курта мебошад.
Баъди боздид аз корхонаи саноатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони марбутаи соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати Тоҷикистон супориш доданд, ки бо ҳамин гуна корхонаҳои кишвари ҳамсоя ҳамкории пурсамарро ба роҳ монанд.
