Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Мудири кулли идораи амвол ва биноҳои Вазорати умури хориҷаи Эрон Бобокозимӣ мулоқот намуд.
Тавре Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар додааст, зимни мулоқот аз рушду тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва Эрон ибрози қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи танзими молу мулки дипломатӣ байни ду мамлакатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
