Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, ҷамъомади тамринии даста аз 14 то 24 январ дар шаҳри Ҷакарта баргузор мешавад. Дар доираи машқҳои дастҷамъӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо яккачинҳои Қирғизистон (16 январ), Индонезия (20 январ) ва Арабистони Саудӣ (20 январ) рақобатҳои санҷишӣ анҷом медиҳад.
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «С» бо Узбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) бозӣ мекунад.
