Бинои нави боз як иншооти дар рушд ва шукуфоии пойтахт нақшгузор – Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши Душанбе низ дар ҳамин рӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ шуд.
Иншоот, ки бо риояи унсурҳои муосири миллӣ қомат афрохтааст, ҳусни ин гӯшаи қалби Тоҷикистон – Душанберо боз ҳам афзун намуд.
Зимни муаррифии шароит ва имкониятҳои корӣ дар Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо истифода аз масолеҳи баландсифати ширкатҳои бонуфузи ватанӣ сохта шудааст.
Бунёд ва ба истифода супоридани бинои нави Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши Душанбе замина гузошт, ки шумораи кормандон аз 40 каси қаблӣ ба 70 кас расонида шавад.
Толори маҷлис бо 130 ҷойи нишаст барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани ҷамъомаду вохӯриҳо пешбинӣ шуда, истифода аз китобхонаи электронӣ воситаи рушди дониш ва огоҳии кормандон аз навгониҳои илмӣ хоҳад буд.
Муаррифии симои шаҳри Душанбе, шиносоии мардум бо дастовард, мавзеъ ва нуқтаҳои ҷолиби диққат, мусоидат ба рушди соҳибкорӣ бо муаррифии брендҳо, тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ва ташаккули иқтисоди шаҳр тавассути воситаҳои рекламаи берунӣ, маълумоти визуалӣ ва ороишӣ дар маҷмуъ ҳама самтҳои фаъолият дар Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе аз ин пас дар шароити хуб сурат мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин истифодаи мақсаднок аз шароити хуби корӣ ва назорати ҷиддӣ аз мутобиқати рекламаҳои берунӣ ба талаботи қонун дастуру тавсияҳо доданд.
Ҳудуди иншоотро ниҳолу дарахт ва гулу буттаҳои ороишӣ зиннати хос медиҳад.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароити таваққуфгоҳи муосири бисёрсатҳа шинос шуданд. Иншоот дар давоми 1 сол сохта шуда, барои 354 воситаи нақлиёт пешбинӣ шудааст. Таваққуфгоҳ дар идомаи раванди корҳои ободонӣ дар шаҳри Душанбе бо ҳадафи беҳсозии муҳити шаҳрӣ ва коҳиши шумораи мошинҳо кӯчаву хиёбонҳо сохта шудааст. Бунёди иншооти замонавӣ бозгӯи татбиқи босамари Барномаи рушди устувори шаҳрӣ ва Нақшаи генералии шаҳри Душанбе буда, ба рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ низ мусоидат мекунад.
