Вохӯрии намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА)

17 декабри соли 2025 дар шаҳри Вена мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷобир бо мудири кулли Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) Рафаэл Мариано Гросси баргузор гардидааст.

Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, дар рафти вохӯрӣ Манучеҳр Ҷобир эътимодномаи худро ба Рафаэл Гросси супорид.

Ҳамзамон, ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону АБНА мубодилаи афкор намуданд.