20 ДЕКАБР КОНГРЕССИ НАВБАТИИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД

20 декабр дар меҳмонхонаи «Crownе Plaza»-и шаҳри Душанбе Конгресси навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин бора едератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, рӯзномаи Конгресс масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

▪️ Тасдиқи протоколи қаблии Конгресси Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2024;

▪️ Ҳисобот дар бораи фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2025;

▪️ Ҳисоботи фаъолияти молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2024;

▪️ Тасдиқи буҷаи Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2026;

▪️ Ҳисоботи аудитори мустақил дар бораи ҳисоботи молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2024.

Намояндагони ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё дар Конгресси навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.