Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг оғоз ёфт

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг нахуст бинои Муассисаи таълимии хусусии “Гимназияи ба номи Ҷалол Икромӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти таълимӣ дар доираи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат аз рушди соҳибкорӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Абдулло Ҳасанов ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин гӯшаи зебоманзари диёр, бунёд гардидааст.

Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки бинои муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 456 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар Гимназияи мазкур моҳи феврали соли 2025 дар масоҳати умумии 4 ҳазору 860 метри мураббаъ оғоз гардида, моҳи августи соли равон анҷом ёфтааст.

Баробари ифтитоҳи Гимназияи мазкур 60 мутахассиси маҳалии соҳаи илму маорифи ноҳияи Ховалинг бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Муассисаи таълимии муосир дорои китобхонаи электронӣ, толори варзишии болопушида, майдончаи варзишӣ, синфхонаҳои махсуси фаннӣ, ошхона ва биноҳои ёрирасон буда, бо шабакаи мустақилли гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Ҳамчунин Гимназия дорои се озмоишгоҳи фанҳои физика, кимиё ва биология мебошад.

Дар муассисаи таълимӣ барои омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳурявӣ ва байналмилалӣ 12 маҳфили фаннӣ ба роҳ монда шудааст.

Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти ин Гимназияи замонавӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳиби илммаърифати муосир намудани насли наврас амали неку шоиста номиданд.

Бинои навбунёди соҳаи маориф бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ бо сифати баланд бунёд гардида, синфхона ва кабинетҳои фаннию таълимӣ бо таҷҳизот ва аёнияти дарсӣ муҷҷаҳаз ва фароҳам гардонида шудааст.

Маблағи лоиҳавии сохтмони Гимназияи мазкур 5 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.