Тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дуюми «Ҷоми миллатҳои CAFA-2025» бар Афғонистон зафар ёфт. Футболбозони тоҷик бо ду голи беҷавоб пирӯз гардиданд.
Шоми гузашта дастаи мунтахаби Тоҷикистон рақобати дуюми худро дар доираи мусобиқаи «Ҷоми миллатҳои CAFA-2025», дар гурӯҳи «В» доир намуд. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардида, бо ҳисоби 2 бар 0 бар нафъи бозикунони мизбон — мунтахаби Тоҷикистон ба охир расид. Голҳои рақобатро Эҳсони Панҷшанбе (дар дақиқаи 24-ум (аз пеналтӣ)) ва Шервонӣ Мабатшоев (дар дақиқаи 90+3) ба нишон расониданд. Дар дидори дигари гурӯҳи «В» Эрон бар Ҳиндустон бо ҳисоби 3 бар 0 ғалаба кард.
Ба ҳамин тартиб баъди 2 давр тими футболи Эрон бо 6 имтиёз дар садри гурӯҳ ҷой гирифта, Ҳиндустону Тоҷикистон бо 3 имтиёзӣ дар мавқеъҳои 2-юму 3-юм ҷой гирифтанд. Афғонистон беимтиёз дар мавқеи охир аст. Дар даври ниҳоии бозиҳои гурӯҳӣ санаи 4-уми сентябр Тоҷикистон бо Эрон ва Афгонистон бо Ҳиндустон рақобат мекунанд ва маҳз дар ҳамин давр тақдири роҳ ёфтан ба марҳилаи баъди ҳал хоҳад шуд.
Рустам Зоиров
радиои «Тоҷикистон»