Наврасони тоҷик дар мусобиқаи “Ҷоми Истиқлолияти Индонезия-2025” бо Индонезия, Малӣ ва Узбекистон вохӯрӣ анҷом медиҳад.
Мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2025 дар мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи “Ҷоми Истиқлолияти Индонезия-2025”, ки аз 12 то 18 август дар Медан баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад Федератсияи футболи кишвар.
Дар ин мусобиқа тими наврасони кишвар таҳти раҳбарии
Марко Раҷинӣ бо дастаҳои Индонезия 12-уми август, Малӣ 15-уми август ва Узбекистон 18-уми август дидор анҷом медиҳад.
Барои мунтахаби наврасони 17-солаи Тоҷикистон мусобиқаи дӯстона дар Индонезия як марҳилаи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2025, ки аз 3 то 27 ноябр дар Қатар баргузор мешавад. Наврасони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон шомили гурӯҳи «I» буда, бо дастаҳои ИМА, Буркина-Фасо ва Ҷумҳурии Чех вомехӯрад.
Рустам Зоирзода
радиои «Тоҷикистон»
акс аз ФФТ