Имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввали рақамикунонӣ ва ҳукумати электронӣ 20 намуди хизматрасониҳои давлатии тариқи мустақим (онлайн) ё дар шакли рақамӣ ба роҳ монда мешавад. Хуршед Файзуллозода директори Агентии мазкур гуфт, ки то охири соли равон ин шумора ба беш аз 50 адад расонида мешавад. Қайд гардид, ки баъди мавриди истифода қарор додани чунин хизматрасониҳо, кори вазорату идораҳо, шаҳрвандон, эътимоднокии санадҳо бештар ва захираи маълумотҳо беҳтар мегардад.
Дар нишаст гуфта шуд, ки бо мақсади пешниҳоди рақамии хизматрасониҳои давлатӣ низоми ҳамгироии иттилоотии байниидоравӣ таҳия гардида, дар заминаи он аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ портали ягонаи давлатӣ — «eHukumat.tj» ба роҳ монда шудааст. Ба таъкиди Хуршед Файзуллозода директори Агентии мазкур, ин портал ҳамчун инфрасохтори ягонаи шабакавии иттилоотию коммуникатсионӣ барои пешниҳоди дастрасӣ ба иттилоот ва паҳнкунии он нигаронида шуда, аллакай сомонаҳои 45 мақомоти давлатӣ ба он пайваст карда шуданд.
Дар робита ба мушкилоти рақамикунонӣ Хуршед Файзуллозода директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон гуфт, ки дар навбати аввал мушкилот ин набудани кадрҳои баландихтисос ва мутахассисони соҳа мебошад. Дуюм равона кардани маблағгузорӣ барои рушди инфрасохтори зарурӣ ва ба ислоҳот даровардани санадҳои меъёри ҳуқуқӣ мебошад.
Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки айни замон Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ҷорӣ кардааст, ки он барои ҳамгироии пурра амалӣ намудани мукотиботи электронӣ дар сатҳи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ гардидааст. Қайд гардид, ки давоми шаш моҳи соли равон низоми мазкур дар 100 мақомоти далватӣ насб карда шуд, ки аз ин шумора 60 мақомоти давлатӣ фаъолияти худро тибқи талаботи нимзоми мазкур пурра ба роҳ мондааст.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»