Дар нимсолаи аввали соли 2025 мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 10697 ҷойи хонанда, дармонгоҳ барои 368 ҷои қабул дар як баст ва муассисаҳои томактабӣ барои 510 ҷой ба истифода дода шудаанд. Дар ин бора имрӯз раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ҳамчунин масъулин зимни нишаст иброз доштанд, ки дар ин давра хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати умумии 526,9 ҳазор метри мураббаъ ба истифода дода шудааст.
Рустам Зоирзода
радиои «Тоҷикистон»