Дар Ёвон хобгоҳ бунёд мешавад

Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон

Айни замон 13 ихтисос фаъолият мекунад, ки дар он шумораи донишҷӯён 1374 нафар мебошанд. Асосан донишҷӯёни ихтисосҳои тиббӣ назар ба ихтисосҳои техникӣ бештаранд ва барои касбомӯзии онҳо ҳамаи шароити лозима фароҳам оварда шудааст” –  мегӯяд директори коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон Мирзошариф Шералиев.

Ба гуфтаи роҳбари муассиса зиёда аз 140 омӯзгори баландихтисос аз минтақаҳои кишвар ба кори таълим ҷалб шудаанд: Дар муассиса ду китобхона фаъолият мекунад. Ҳамчунин китобхонаи электронӣ пайваст бо шабакаи интернетӣ дар хизмати донишҷӯён мебошад. Теъдоди китобҳоро агар муқоиса кунем, дар се сол ду баробар афзудаанд. Барои дастрасии китобҳо ба донишҷӯён шароит муҳайё намудаем”.

Иттилоъ доданд, ки тибқи нақша ҳамасола бояд 600 донишҷӯ ба муассиса қабул гашта, дар маҷмӯъ барои 2400 нафар   имкони таҳсил муҳайё аст. Оянда бо афзун гардидани шумораи донишҷӯён имконият васеъ гашта, роҳбарияти муассиса нақша доранд, ки баъзе имтиёзҳоро барои донишҷӯёни эҳтиёҷманд роҳандозӣ намоянд. Тавре дар ин бора директори коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон Мирзошариф Шералиев гуфт: “Дар муассиса дастгоҳу таҷҳизоти навтарин ворид гардида, шароити дарсомӯзии донишҷӯён дар сатҳи баланд таъмин шудааст. Барои ҳар ихтисос синфхона ва лабараторияҳои алоҳида фароҳам оварда шуда, бо корхонаву ташкилотҳое, ки бевосита ба ихтисосҳои мо алоқамандӣ доранд, шартномаҳо ба имзо расонидаем ва донишҷӯён дар он ҷойҳо дарсҳои амалии худро меомӯзанд”.

Дар коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон барои бунёди хобгоҳ замин ҷудо карда шудааст ва имсол ба бунёдаш шурӯъ хоҳанд кард.

Айни замон наздики 400 нафар донишҷӯён аз дигар ноҳияҳо дар ин муассиса таҳсил мекунанд, ки ба хобгоҳ эҳтиёҷ доранд.

Нуралӣ Давлат, Тоҳири Розиқ, Маҳмадалӣ Акрам

радиои “Тоҷикистон”

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *