Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ роҳи маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе-Кулмаро ба истифода доданд

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахуст роҳи маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе-Кулмаро ба истифода доданд.

Роҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ бунёд шуда, аз ду хатти ҳаракат иборат мебошад ва дар маҷмуъ 16 километрро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бунёди роҳ ба ташаккули долонҳои нақлиётӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Бунёди истгоҳҳои нақлиётӣ, гузаргоҳ барои пиёдагардон, шинонидани дарахтони ороишию сояафкан ва сабзкорӣ зебогии роҳро таъмин намудааст.

Қисмҳои роҳ дар маҳалҳои аҳолинишин тибқи талабот чароғон карда шудааст, ки шабонгаҳ дар баробари таъмини рӯшноию зебоӣ, ҳамзамон ба осудагию бехатарии мардум мусоидат менамояд.

Бо супориши Роҳбари давлат дар доираи ҳамин лоиҳа 3 километр роҳҳои дохилии ноҳияи Ванҷ низ навсозӣ хоҳад шуд.

Роҳи марказии ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе — Кулма аҳаммияти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ дошта, барои баланд бардоштани ҳаҷм ва сифати боркашонию мусофиркашонӣ замина мегузорад. Иҷрои саривақтии супоришҳои Роҳбари давлат имкон фароҳам овард, ки бунёди роҳ дар муҳлати муайянгардида, мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ ба анҷом расонида шавад.

Баъди ифтитоҳи қитъаи роҳ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисонро ба нигоҳубини дурусти роҳ барои солиёни зиёд ба мардум хизмат расондан ҷалб намуданд.