21 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия дар Нишасти 51-уми вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар нишаст масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ дар давлатҳои ҳавзаи Созмон, алалхусус вазъи феълии Давлати Фаластин, муборизаи дастҷамъона бар зидди таҳдидҳо ва чолишҳои замони муосир, ба мисли терроризму экстремизм, инчунин қазияи Исроил ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сироҷиддин Муҳриддин аз тадбирҳои муассири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ёдовар шуд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон тавсеаи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ байни давлатҳои Созмони ҳамкории исломӣ тавассути иҷрои барномаҳои марбутаи ин созмонро яке аз омилҳои муҳими ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла коҳиши фақр ва таъмини шароити устувори зиндагӣ дар минтақа унвон кард.