Даври 4-уми мусобиқаи бонуфузи Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо оид ба футбол ҷамъбаст гардид. Бошгоҳи «Бавария», «Челси», «Севилия», «Ювентус», «Барселона» новобаста ба натиҷаи бозиҳои боқимонда ба даври 8,1 ниҳои мусобиқаи мазкур роҳ ёфтанд.
Дар даври 4-уми мусобиқаи ЛҚА оид ба футбол дар гурӯҳи А бошгоҳи «Бавария»-и Олмон дар майдонаш тими «Ред Бул»-и Австрияро пазироӣ кард. Дар ин вохӯрӣ тими соҳибони майдонро бо натиҷаи 3:1 шикаст дод. Баъди ин пирӯзи дастаи «Бавария» новобаста ба натиҷаи бозиҳои миньаъда ба даври дигар роҳхат гирифт. Ёдовар мешавем, ки дар мавсими гузашта тими мазкур барандаи Ҷоми мусобиқаи мазкур буд. Дар ҳамин гурӯҳ дастаи «Атлетико»-и Испания дар майдонаш тими «Локоматив»-и Русияро дар майдонаш пазирои кард. Шогирдони Диего Семоне натавонистанд, ки рақиби худро шикаст диҳанд. Сабқати ин дастаҳо бо ҳисоби мусовӣ 0:0 ҷамъбаст гардид. Айни ҳол дар гурӯҳи мазкур «Атлетико» дар зинаи дуюм ва «Локоматив» дар мақоми сеюм қарор дорад.
Дар гуруҳи Б дар ин давр дастаи «Барусия М»-и Олмон дар майдонаш тими «Шахтиёр»-и Украинаро пазирои карда, онро бо натиҷаи 4:0 шикаст дода мавқеи худро дар зинаи авали гурӯҳ бо 8 имтиёз мустаҳкам кард. Дар ҳамин гурӯҳ яке аз бозиҳои марказӣ сабқати дастаҳои «Интер»-и Италия бо «Реал Мадрид»-и Испания баргузор гардид. Қаблан коршиносони соҳаи футбол ва марказҳои букмекерӣ пешгӯи карда буданд, ки дар ин вохурӣ шогирдони Антонио Контепи рӯз хоҳанд шуд. Аммо дар рафти бози шогирдони Зайниддин Зедан бозии олӣ нишон дода рақиби сарсахти худро бо натиҷаи 0:2 шикаст дода, дар гурӯҳи худ бо касби 7 имтиёз ба зинаи дуюм баромаданд.
Дар гуруҳи С бошгоҳи «Манчестер Сити»-и Англия дар сафар бо тими “Олимпиакос”-и Юнон дидор анҷом доданд. Шогирдони Хосеп Гвардиола дастаи соҳибони майдонро бо натиҷаи минималии 0:1 шикаст дода пирӯзии навбатии худро ҷашн гирифтанд. Баъди ин пирӯзи тими «Манчестер Сити» бо касби 12 имтиёз дар гурӯҳаш садрнишин шуд. Дар гурӯҳи мазкур дастаи «Марсел»-и Фаронса бо тими «Порту»-и Португалия майдондори кард. Гарчанде дар ин вохури соҳибони майдон фаворид ҳисобида мешуданд, аммо дастаи португалӣ рақиби худро бо натиҷаи 0:2 шикаст дода дар гурӯҳаш мақоми дуюмро бо 9 имтиёз аз они худ кард.
Дар гурӯҳи Д бошгоҳи «Ливерпул»-и Англия дар майдонаш тими «Аталанта»-и Италияро пазироӣ кард. Гарчанде пеш аз оғози бозӣ аксар коршиносони соҳаи футбол пирӯзиро насиби шогирдони Юрген Клопп медонистанд, аммо рақобат бо натиҷаи дигар ҷамъбаст гардид.
«Ливерпул» дар майдони худ бо натиҷаи 0:2 мағлуб гардид. Аммо бо вуҷуди ин шикаст тими «Ливерпул» бо касби 9-имтиёз мавқеи худро дар зинаи аввал нигоҳ дошт. Дар ҳамин гуруҳи дастаи «Аякс»-и Голандия дар майдонаш тими «Мидтиюланд»-и Данияро пазирои карда онро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Баъди ин пирӯзӣ дастаи «Аякс» ба зинаи дуюм баромад.
Дар гурӯҳи И дастаҳои «Челси»-и Англия ва «Севилия»-и Испания дар сафар рақибони худ, «Ренн»-и Фаронса ва «Краснадар»-и Русияро боҳисоби якхела 1:2 шикаст дода, бо таносуби 10 имтиёз мақоми якум ва дуюмро аз они худ карда, новобаста ба натиҷаи бозиҳои минбаъда ба даври дигар рохат гирифтанд.
Дар гурӯҳи Э дастаи «Барусия Д» дар майдонаш тими «Бюрге»-и Белгияро пазироӣ карда, онро бо натиҷаи калон 4:0 шикаст дод. Ба ин тартиб дар гурӯҳаш мавқеи аввалро соҳиб гардид. Дар гурӯҳи мазкур бошгоҳи «Латсиё»-и Италия дар майдонаш тими «Зенит»-и Русияро пазироӣ карда, онро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуд ва дар гурӯҳаш мақоми дуюмро соҳиб гашт.
Дар гурӯҳи Ҷи бошад дастаи «Барселона»-и Испания дар сафар бо тими «Динамо Киев», ки Украина дидор анҷом дод. Шогирдони Роналд Куман рақиби худро бо натиҷаи 0:4 шикаст дода, ба даври дигар роҳхат гирифтанд. Дар ҳамин гурӯҳ бошгоҳи «Ювентус»-и Италия дар майдонаш «Ференсварош»-и Венгрияро пазируфт ва онро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Баъди ин пирӯзӣ дастаи «Ювентус» дар гурӯҳаш ба зинаи дуюм баромад. Ин даста новобаста аз натиҷаи бозиҳои минбаъда ба даври дигар роҳхат гирифт.
Дар гурӯҳи Эйч тими «Манчестер Юнайтед»-и Англия дар майдонаш тими «Истанбул»-и Туркияро пазироӣ карда, онро бо натиҷаи 4:1 мағлуб намуд. Баъди ин пирӯзӣ шогирдони Оле Гунар Сулшер мавқеми якумро ишғол карданд.
Яке аз бозиҳои марказии даври 4-уми Лигаи қаҳрамонии Аврупо ин дидори тимҳои «ПСЖ»-и Фаронса ва «РБ Лейпсик»-и Олмон ба ҳисоб мерафт. Шогирдони Томас Тухел бо машақати зиёд рақиби худро бо ҳисоби минималии 1:0 шикаст доданд. Баъди ин пирӯзӣ дастаи «ПСЖ» ба мақоми дуюм баромад.