31 майи соли 2025 дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Фаррух бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея оид ба масъалаҳои тағирёбии иқлим Чон Киёнг баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин табодули афкор дар бобати масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак сурат гирифт.