Дирӯз иштирокчиёни Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пирияхҳо ба дараи хушманзараи Ромит сафар намуданд. Сафари мазкур бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар доираи он иштирокчиёни конференсия имкон пайдо карданд, ки бо манзараҳои дилфиреб ва табиати афсункори дараи Ромит аз наздик ошно шаванд.
Меҳмононро дар бӯстонсарои дараи Ромит роҳбарияти шаҳри Ваҳдат бо меҳмонавозии хоси тоҷикона пешвоз гирифтанд. Дар идома иштирокчиёнро қад қади дарёи Кофарниҳон барои тамошои табиати афсонавӣ роҳнамоӣ карданд. Павен Матемал иштирокчии Конференсияи сатҳи баланд оид ба ҳифзи пирияхҳо аз Ҷумҳурии Непал зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки аз меҳмоннавозии мардуми тоҷик хеле сарфароз шудем ва зебогиҳои табиати ин ҷо моро мафтун кард.
Бояд гуфт, ки кишвари мо дорои мавзеъҳои тамошобоб ва хушбоду хаво мебошад ва ба тарғибу сармоягузорӣ ниёз дорад. Жанар Суханова иштирокчии Конференсияи сатҳи баланд оид ба ҳифзи пирияхҳо аз Ҷумҳурии Қазоқистон зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки ман чанд сол пеш ҳам ба Тоҷикистон омода будам ва кӯҳҳои баланди инҷо бароям хеле писанд омада буд ва имрӯз хушҳолам, ки дар доираи конференсия дигарбора ба ин ҷо омода, армон шикастам.
Бояд гуфт, ки меҳмонон — иштирочиёни Конференсияи сатҳи баланд оид ба ҳифзи пирияхҳо аз 29 то 31 май идома кард, дар баробари иштирок дар кори конфронс ва сафар ба минтақаҳои сайёҳии кишварамон, инчунин дар барномаҳои фарҳангии боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт иштирок намуда, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллиро тамошо карда, фарҳангу таърих ва ананаҳои миллатамон бештар ошно гардиданд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»