Дар доираи Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенси”-и шаҳри Душанбе Форум дар мавзуи »Кишоварзӣ дар замони талафоти пиряхҳо: мубориза бо хушксолӣ, обхезӣ тавассути истихроҷи карбон ва устуворӣ дар минтақаҳои вобаста ба пиряхҳо» идома дорад.
Ин форум коршиносону олимон ва масъулини вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои гуногунро ҷамъ овардаааст, ки мавзуъҳои заруриро матраҳ намуда истодаанд. Аз ҷумла, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон — Нигина Анварӣ, директори Департаменти ҷангал дар Сардафтари ФАО — Ву Жимин, Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон — Адҳам Мусаллам, муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи назди Ҳукумати ҶТ — Ҳотамшо Латифзода ва намояндагон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон суханронӣ намуда, дар мавриди таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, обшавии пиряхҳо, таъсири он ба соҳаи кишоварзӣ, вобастагии обу замин андешаронӣ намуда, ҳамагонро ба ҳамкорӣ даъват намуданд.
Таъкид карда шуд, ки ин форум як платформаи хуби тавсеаи ҳамкории коршиносону таҳлилгарон ва омодагӣ ба мутобиқшавӣ дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад.
Форум дар Панели “Муносибат ба кӯҳҳо ва пиряхҳо бо дарназардошти захираҳои об, бехатарии озукаворӣ ва васоити таъмини зиндагӣ», ва мизи гирд дар мавзуи “Шарикӣ барои кӯҳҳои солим-сафарбар кардани ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ барои муқовимат ба иқлим дар экосистемаҳои куҳӣ ва пиряхҳо» идома хоҳад кард.
Шоистаи Аҳмад,
радиои “Точикистон”