Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд. Дар ин хусус Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар медиҳад.

Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсон ҳамроҳӣ менамоянд.