Пешвои миллат: «Дар даврони истиқлоли давлатӣ беш аз 7500 майдону майдончаҳои варзиш барои бозии футбол сохта шуд»

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол таъкид намуданд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дар саросари кишвар беш аз 7500 майдону майдончаҳои варзиш танҳо барои бозии футбол сохта, ба истифода дода шудаанд.

«Дар як соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 101 майдончаи замонавии футбол мавриди истифода қарор дода шуд. Танҳо дар пойтахти мамлакат дар панҷ соли охир тавассути роҳандозии барномаҳои рушди варзиш беш аз 300 майдончаи варзиш бунёд гардида, шумораи умумии онҳо ба 500 расид Лозим ба ёдоварист, ки се барномаи давлатии рушди футбол барои солҳои 2012 – 2016, 2017 – 2021 ва 2021 – 2026 амалишавии васеи чорабиниҳоро таъмин намуда, ба таҳкими инфрасохтор ва оммавӣ гардидани футбол дар миқёси кишвар заминаи мусоид фароҳам овард Илова бар ин, се барномаи таълимӣ ва тайёрии варзишӣ барои мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои кишвар, як барномаи таълимӣ барои машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, беруназдарсӣ ва дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ аз рӯйи намуди футбол қабул ва аз ҷониби масъулину мураббиёни соҳаи варзиши мамлакат амалӣ гардида истодааст»,-изҳор намуданд Сарвари давлат.

Ҳамзамон, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ҳамкории самараноки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаҳои футбол дар қаламрави кишвар мунтазам баргузор гардида, ба ҷалби васеи ҷавонон, аз ҷумла духтарон ба ин намуди варзиш мусоидат карда истодааст.