Китоби  “Театр дар назди микрофон”  чоп шуд

Таҳти унвони “Театр дар назди микрофон” китоби нави номзади илмҳои филология, директори Радиои Тоҷикистон Обидҷон Саидзода чоп шуд. Китоби мазкур кӯшиши нахустини феҳристнигорӣ дар соҳаи радиои тоҷик буда, дар он зиёда аз 200 номгӯй силсилабарномаҳои радиотеатру “Театр дар назди микрофон” ва инсенировкаҳои адабии Радиои Тоҷикистон фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин, китоб дар бораи ҳайати эҷодии иборат аз журналистон, муҳаррирон, адибон, дараматургон, коргардонҳо ва танзимгарони овозе маълумот медиҳад, ки ҳар яке мувофиқи малакаи хеш ба халқу ватан хидмат карда, дар ин баробар, баҳри афзудани шуҳрату шукӯҳи барномаҳои баландғояи радиоӣ умри худро дареғ надоштаанд. Хусусияти асосии китоб дар он аст, ки хонандаро, аз як тараф, ба муҳтавои гуфторҳои саҳнавӣ ошно месозад, аз ҷониби дигар, дастандаркорон ва иҷрокунандагони нақшҳои онҳоро муаррифӣ менамояд ва аз тарафи сеюм, барои аз хазинаи Радиои Тоҷикистон пайдо намудани гуфторҳо ёрӣ мерасонад.

Феҳристи асарҳои мондагор ва безаволи «Театр дар назди микрофон» метавонад дастури муҳим барои кормандони соҳаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гардида, дар ин замина як теъдод рисолаҳо ва маҷмӯи мақолаҳои илмиро ба миён хоҳад овард.

Ба Феҳрист барномаҳо аз соли 1948 то имрӯз шомил шуда, барои пажӯҳишгарон, кормандони соҳа ва мухлисони барномаҳои соҳавии радиоӣ пешбинӣ шудааст.