Поёни нишасти байналмилалии Женева: ваъдаи ҳудуди 13 миллиард доллар кумак ба Афғонистон

Конфаронси дурӯзаи Женева бо ҳадафи кумак ба Афғонистон бо ширкаткунандагон аз 66 кишвару 32 созмони байналмилалӣ ва тааҳуди 13 миллиард доллар, рӯзи 24 ноябр поён ёфт.

Кишварҳои  кумакунанда хостори оташбаси фаврӣ ва саросарӣ, ҳимоят аз раванди сулҳ, ҳифзи дастовардҳои ду даҳа ва  ҳузуру нақши занон дар раванди сулҳи Афғонистон таъкид карданд.

Вазорати корҳои  хориҷии Финландия, ки аз мизбонони ин нишаст буд, маҷмуи кумакҳои эъломшудаи машрутро ҳудуди 13 миллиард доллар ба муддати 4 сол эълом кард. Идомаи бахши аъзами кумакҳо бо амалкарди давлати Афғонистон дар мубориза бо фасод, ҳукуматдории хуб, шафофият ва  ҳамчунин пешрафтҳо дар раванди сулҳи Афғонистон бастагӣ хоҳад дошт.

Дар  поёни нишасти Женева, Муҳамад Ҳаниф  Атмар, вазири корҳои  хориҷии Афғонистон, аз ҳимоятҳоибеназири ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дарназардошти ҳамагирии коронавирус, иброз сипос кард ва  аз шароите ки ҳомиёни Афғонистон барои идомаи кумакҳои худ гузоштаанд , истиқбол кард. Атмар гуфт, ки давлати Афғонистони посухгӯии кумакҳои байналмилалӣ хоҳад буд.

Кишварҳои  кумаккунанда нигаронии шадиди худро нисбат ба афзоиши хушунатҳо ва  куштори мардумони ғайринизомӣ иброз карда, хоҳони барқарории оташбаси фаврӣ ва саросарӣ дар Афғонистон шуданд.

Дар  ин конфаронс Амрико қавли кумаки 600 миллион долларӣ дар соли ояндаро додааст, ки ниме аз он машрут ба музокироти сулҳ бо Толибон дар Давҳа хоҳад буд.

Олмон  ҳам аз ҷумлаи кишварҳое буд, ки  430 миллион эвро барои соли 2021, мутааҳид шуд ва бақияи кумакҳои худро машрут ба амалкарди давлати Афғонистон сохт.

Бонкb  рушди Осиё, ки дар Афғонистон барои 4 соли оянда, мутааҳид ба кумаки 900 миллион долларӣ шуд.

Туркманистон  гуфтааст, ки хати интиқоли энержӣ аз Туркманистон ба Афғонистон то марзи ин кишвари такмил ва базудӣ дар хоки Афғонистон низ оғоз хоҳад шуд. Намояндаи ин кишвар дар конфаронси Женева гуфт, ки  барои хати интиқоли барқ, интернет ва ҳамчунин сохти хати роҳи оҳан миёни ду кишвар бештар аз як миллиард доллар сармоягузорӣ  карда аст.

Бояд гуфт, ки конфронсҳои байналмилалӣ барои эҳё ва бозсозии Афғонистон баъди суқути Толибон дар соли 2001, дар 4 сол як бор баргузор мешаванд. Охирин нишасти байналмилалӣ дар соли 2016 дар Брюcсел шуд, ки кишварҳои ширкаткунанда дар ин нишаст таъаҳҳуд карданд 15 миллиард доллар тайи чаҳор соли оянда барои бозсозии Афғонистон дар ихтиёри ин кишвар қарор хоҳанд дод.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *