Ҳайати Тоҷикистон дар даври 34-уми Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Абу Забӣ ширкат намуданд

Шуруъ аз 26 апрели соли 2025 бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Амороти Муттаҳидаи Араб даври 34-уми «Намоишгоҳи байналмилалии китоби Абу Забӣ» таҳти шиори «Дониш ҷомеаи моро мунаввар месозад» дар Маркази намоишгоҳи миллии Абу Забӣ (ADNEC) ташкил гардид.

Тавре Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар медиҳад, бо мақсади муаррифии шоистаи арзишҳои миллӣ, таърих, фарҳанг, санъат ва тамаддуни ғании миллати тоҷик, инчунин дастовардҳои даврони истиқлолияти Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун дар арсаи байналмилалӣ, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинӣ ширкат варзида, дар ғуфраи махсус ҷудошуда барои Тоҷикистон китобу маводҳои чопиро ба намоиш гузоштанд.

Боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки ташкилотчиёни Намоишгоҳи байналмилалии китоб табиб ва файласуфи маъруф Абу Алӣ Ибни Синоро ҳамчун шахсияти меҳварии даври 34-ум ба унвони «Нобиғаи донишноманавис ва пайвандгари тамаддунҳо» интихоб кардааст. Ба ин муносибат дар макони баргузории Намоишгоҳ гӯшаи махсус бунёд гардидааст, то меҳмонон аз ҳаёту фаъолият ва нақши шоҳкориҳои Ибни Сино дар рушди илми муосир бохабар бошанд.

Намоишгоҳ то 5 майи соли 2025 идома ёфта, дар он 1400 намоишгар аз 96 кишвари ҷаҳон ҷиҳати ба маърази тамошо гузоштани китобҳои бадеию таълимӣ, маҷаллаҳои илмию академӣ ва дигар навъи интишороти хеш иштирок доранд.