Оғози маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ

Имрӯз, 1 апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид. Ин маърака то охири моҳи май идома меёбад. Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати мудофиа хабар додааст.

Ёдовар мешавем, ки маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли соли 2025 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» шуруъ шуда, дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сурат мегирад.

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шуруъ гардида,  охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Хизмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонун, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад,зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ аз бар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш дохил мешаванд ва дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.