31 март Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои анҷом додани мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, иштирок дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд меҳмони воломақомро ба нишони накуҳамсоягӣ ва анъанаҳои меҳмоннавозӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон гулдухтарони тоҷик чун анъана нону намак ва дастагул пешкаш намуданд.
Барои истиқболи меҳмони олиқадр дар майдони фурудгоҳ роҳрави сурх густурда шуда, аксҳои сарони давлатҳо, инчунин парчамҳои давлатӣ ва шиорҳои тараннумгари дӯстию бародарии халқҳои се кишвари ҳамсоя насб гардидаанд.
Барномаи кӯтоҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон дар фурудгоҳ ба маросими истиқболи меҳмони воломақом шукӯҳи хос зам намуд.