Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд

 31 март мулоқоти дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд, баргузор гардид.

Сарвари давлати мо меҳмони воломақомро хайрамақдам гуфта, ӯро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуданд ва таъкид доштанд, ки вохӯриҳои имрӯза бо назардошти масъалаҳои баррасишаванда аҳамияти хосса доранд.

Ҳарду роҳбар ҳамфикр буданд, ки имзои Протокол дар бораи табодули тасдиқномаҳои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ ва ифтитоҳи хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи «Датка-Хуҷанд»-и лоиҳаи КАСА-1000 байни Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯйдодҳои таърихӣ мебошанд.

Зимни музокирот сарони ду давлат вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро ҳамаҷониба баррасӣ карда, оид ба доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушд ва таҳкими муносибатҳои накуҳамсоягии ду кишвар табодули афкор намуданд.

Сарони давлатҳо таҳкими муколамаи сиёсии дуҷониба дар ҳама сатҳҳо ва такон бахшидан ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро бо таваҷҷуҳ ба афзун намудани ҳаҷми гардиши мол мутобиқ ба иқтидори мавҷудаи ду кишвар ба мақсад мувофиқ донистанд. Дар робита ба ин, аҳамияти андешидани тадбирҳои муштарак оид ба рушди инфрасохтори наздисарҳадӣ, аз ҷумла марказҳои нақлиётӣ ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ бо мақсади тавсеаи имконоти пешбурди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ таъкид гардид. Бартараф намудани монеаҳои мавҷуда ва сода гардонидани расмиёти убури сарҳад, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, обу энергетика ва кишоварзӣ, инчунин дар бахши кооператсияи саноатӣ муҳим дониста шуд.

Дар ин замина, ба фаъол кардани кори сохторҳои байниҳукуматӣ оид ба баррасии тамоми маҷмуи муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир карда шуда, масъалаи дар ояндаи наздик баргузор намудани ҷаласаи нахустини Шурои байниҳукуматӣ дар сатҳи Сарвазирон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қобили зикр аст, ки қарор дар бораи таъсиси ин Шуро зимни мулоқоту музокироти сатҳи баланд дар Бишкек дар доираи сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон қабул карда шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, ба таҳкими равобити фарҳангиву гуманитарӣ, бахусус дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ҳамчунин, оид ба идомаи ҳамоҳангсозии мавқеъҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Музокирот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва дар руҳияи созанда баргузор шуд.