Бо супориши президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар бинои варзишгоҳи навбунёди пойтахти кишвар осорхонаи «Таърихи футболи тоҷик» сохта шуда, ҳамзамон китоби «Таърихи футболи тоҷик» нашр мешавад.
Дар ин робита ФФТ аз мухлисону ҳаводорони футболи тоҷик ва аз касоне ки ашёҳои таърихи футболӣ, аз ҷумла сарулибоси бозикунӣ, ҷому медалҳо, ифтихорномаву дипломҳо, инчунин китобҳо ва дар маҷмуъ ҳар маводи ба таърихи футболи тоҷик алоқамандӣ доштаро дар ихтиёр доранд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки бо ФФТ дар тамос шаванд.
Соҳибони ашёҳои арзишманд ва муаллифони матлабу мақолаҳои пурмазмун қадрдонӣ мешаванд.
Почтаи электронӣ: tajikfootball@yahoo.com
Телефонҳо барои тамос: 919 40 80 50; 55 555 95 05; 111920004; 918667387.