Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин оғоз гардида, дар вохӯрии васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Масъалаҳои калидии муносибатҳои ду кишвар ва мавзуъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ ба таври муфассал муҳокима гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди хуби муколамаи сиёсӣ дар ҳамаи сатҳҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Рушди босуръати ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар солҳои охир таъкид гардид.
Аз ҷумла, масоили густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, энергетика ва кишоварзӣ баррасӣ шуд.
Ба масъалаҳои рушди робитаҳои гуманитарӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Гуфта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон 71 муассисаи таълимӣ бо забони русӣ, аз ҷумла онҳое, ки соли 2022 аз ҷониби Сарони давлатҳо ифтитоҳ ёфта буданд, ҳамчунин 190 мактаби омехта фаъолият доранд. Дар ин зимн, ҳамкорӣ дар таъмини ин муассисаҳои таълимӣ бо китобу маводи таълимӣ ва адабиёт бо забони русӣ аз масъалаҳои матраҳ боқӣ мемонад.
Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон се филиали муассисаҳои бонуфузи олии таълимии Русия фаъолият дошта, зиёда аз 28 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳу донишкадаҳои Русия таълим мегиранд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки моҳи июни ҳамин сол дар Федератсияи Русия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор карда мешаванд.
Таъкид гардид, ки ҳар ду кишвар барои мукаммалсозии ҳамкории байниминтақавӣ, аз ҷумла баргузории як қатор чорабиниҳои гуногунсатҳ дар ин самт, талош хоҳанд кард.
Ба ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар баҳои баланд дода шуда, ҷонибҳо барои идомаи босамари он дар оянда изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва тақвияти ҳамоҳангӣ дар фаъолияти муштараки хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои амниятӣ аз масъалаҳои муҳими музокирот буд.
Ҳамкории судманд дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи сарони ду давлат қарор дошт.