25 феврали соли 2025 дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо роҳбарии муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло нишасти корӣ бо иштироки вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, роҳбарияти дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа тавассути алоқаи видеоӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз ВКХ хабар доданд.
Нишасти кории мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тақвияти фаъолият дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ доир шуда, иштирокдорон масоили татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва сайёҳӣ, инчунин ҳифзу муаррифии шоистаи мероси фарҳангиву таърихии миллиро ба таври муфассал мавриди муҳокима қарор доданд.
Таъкид гардид, ки натиҷаҳои нишасти кории мазкур ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ, аз ҷумла рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ ва тақвияти мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.