Муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Эрон

Бахши сайёҳии кишвар бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказии Кумита, бахши сайёҳии ВМКБ, ширкатҳои сайёҳии ҶДММ “Сомон саёҳат”, ҶДММ “Шоҳ тур”, ҶДММ “Сайёҳати диёр”, ҶДММ “Сайёҳати Ҳафткул”, ҶДММ “Рангоранг Тур” ва маҷмаии лижаронии “Сафед – дара” ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар самти сайёҳӣ, зиёд намудани хатсайрҳо ва шумораи гардшгарон аз ҳардуҷониб дар баргузории нахустин ҳамоиши байналмилалии тургардонҳо таҳти унвони “Сад тургардони ҷаҳон дар нисфи ҷаҳон”, ки то 23 феврали соли 2025 дар шаҳри Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ширкат варзиданд.

Тавре Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад, дар баргузории чорабинии мазкур намояндагони ширкатҳои ватанӣ ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар мулоқоти B2B -ро бо роҳбарони ширкатҳои эронӣ ва дигар ширкатҳои аз кишварҳои иштирокдори ҳамоиш баргузор намуда, дар назар аст то охири чорабинӣ байни бахши хусусии ватани санадҳои ҳамкорӣ барои боз ҳам тақвият додани муносибатҳо дар самти сайёҳӣ ба имзо расонида шавад.