Ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДТТ

Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамоиши бошукуҳи идона доир гардид.

Дар ин хусус аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доланд. Иброз гардид, ки воқеан ҳам Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар давраи ниҳоят ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати начандон дароз аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун неруи тавоно ва муҷаҳҳаз амнияти давлат ва осоиши онро таъмин менамояд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо ба ифтихори Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта буданд: «Мо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбию сиёсии мамлакат, яъне дар рӯзҳое, ки давлатро ҷангу хунрезӣ, беқонунию беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис додем».Аз саҳифаҳои таърих аён аст, ки 32 сол пеш маҳз бо талош ва ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти ниҳоят душвор ва тақдирсоз таъсис дода шуд.Воқеан ҳам ҳимояи марзу буми мамлакат бар уҳдаи сарбозони далер ва шуҷои Ватан мебошад.

Хушбахтона, фарзандони меҳандӯсти давлат ва сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъулият ва вазифаро сарбаландона иҷро менамоянд. Ин нишонаи неруи бузург, тарбияи касбию маҳорати баланди афсарон ва аскарони Артиши миллӣ мебошад.Зимни ҳамоиши тантанавӣ аз ҷониби Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба афсарону сарбозони шуҷои Ватан китоб тақдим гардид.