ЮНИСЕФ: Ифлосшавии ҳаво ба саломатии миллионҳо кӯдакон таҳдид мекунад

Тибқи гузориши нави ЮНИСЕФ ҳамарӯза бар асари олудагии ҳаво дар Осиёи Шарқӣ ва ҷазираҳои Уқёнуси Ором беш аз 100 кӯдаки то панҷсола мефавтанд. Ин созмон даъват мекунад, ки барои ҳифзи саломатии насли нав чораҳои фаврӣ андешида шавад. Дар гузориши ЮНИСЕФ омадааст, ки дар кишварҳои ифлоскунандаи ҳаво беш аз 500 миллион кӯдак зиндагӣ мекунанд.

Ба андешаи таҳлилгарон ифлосшавии ҳаво на танҳо ба саломатии кӯдакон таъсир мерасонад, балки боиси қатъ гардидани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва аз мактаб дур мондани толибилмон мегардад.

Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ соли 2019 хисороти иқтисодӣ аз ифлосшавии ҳаво дар Осиёи Шарқӣ ва Уқёнуси Ором 2,5 триллион долларро ташкил додааст, ки муодили 9% ММД-и минтақа аст.