То нимаи аср эҳтимол аст, ки инсоният ба камбуди ғизо ва ноустувории ҷаҳонӣ дучор шавад. Дар ин бора дар номаи кушоди 150 барандаи Ҷоизаи Нобел ва ҷаҳонии ғизо гуфта шудааст. Олимон дар бораи омилҳое, ки ба таҳдиди эҳтимолӣ таъсир мерасонанд, сухан ронда, роҳҳои бартараф кардани онро пешниҳод карданд. 153 барандаи Ҷоизаи Нобел ва ҷаҳонии озуқа бо нашри як номаи кушод аз таҳдиди гуруснагии ҷаҳонӣ изҳори нигаронӣ карданд.
Тағйирёбии иқлим, паст шудани ҳосили зироатҳои асосӣ, таназзули хок ва нарасидани об ноамнии ғизоро ба таври назаррас афзоиш медиҳанд. Масалан, дар Африқо коҳиш ёфтани истеҳсоли чуворимакка пешбинӣ гардидааст, ки ин ҳолат ба иқтисодиёти кишвар таҳдид мекунад. Муноқишаҳо ва ноустувории иқтисодӣ дар баъзе кишварҳо ба бад шудани вазъият мусоидат мекунанд. Дар Судон истеҳсоли ғалла қариб ду баробар кам шудааст. “Дар соли аввали даргириҳо дар Судон дар мавсими солҳои 2023-2024 истеҳсоли ғаладонагӣ ҳудуди 4 миллион тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 46% камтар аст. Ҷамъоварии ҳосили мавсими 2025 ба зудӣ оғоз мешавад. Бо вуҷуди ин, гуруснагӣ ва камғизоӣ ҳатто дар замоне афзоиш меёбад, ки дастрасии ғизо бояд ҳадди аксар бошад”-гуфтааст, Бет Бечдол, муовини директори генералии Созмони озуқа ва кишоварзии СММ.
Олимон дар муроҷиатномаи худ барои рафъи вазъият якчанд роҳеро пешниҳод карданд. Аз ҷумла онҳо талаб кардаанд, ки маблағгузорӣ барои тадқиқоти хоҷагии қишлоқ ва усулҳои нави парвариши озукаворӣ зиёдтар карда шавад. Ба андешаи барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика — Брайан Шмидт, ин мушкилот дар тӯли 25 сол ба миллиардҳо нафар таъсир хоҳад расонд. Муаллифони нома тахмин мезананд, ки дар ҳоли ҳозир тақрибан 700 миллион нафар аз норасоии ғизо азият мекашанд.
То соли 2050 ин рақам метавонад ба миллиардҳо бирасад, зеро то ин вақт шумораи аҳолии ҷаҳон метавонад боз 1,5 миллиард нафар афзоиш ёбад. Олимон бар ин боваранд, ки раҳбарияти ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ аз бӯҳрон пешгирӣ мекунанд. Онҳо ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳида, Аврупо ва дигар кишварҳоро даъват мекунанд, ки барои ҳалли мушкилот ӯҳдадор шаванд.