Нуктаҳо аз нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим

Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд. Зимни нишаст гуфта шуд, ки соли 2024 аз иҷониби Маркази исломшиносии Тоҷикистон дар шабакаи Ютуб саҳифа тартиб дода шуда, тавассути он то имрӯз 157 наворҳои тарбияву динӣ паҳн карда шудааст.

Соли 2024 наздики 35 — 40 нафар барои идомаи таҳсил тариқи бурсия ба кишвари Арабистони Саудӣ рафтанд. Дар ин бора Сулаймон Давлатзода раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар дода гуфт, ки ин бурсияҳоро маркази Дурахшандагон пениҳод кардааст. Ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода маркази Дурахшандагон раванди ташкил ва муайян кардани бурсияҳоро ба танзим медарорад ва дар ин росто боз ҷумҳуриҳои Туркия, Қатар ва Аморати Мутаҳидаи Араб бурсияҳои худро пешниҳод кардаанд, ки ба ин восита шаҳрвандони мо метавонанд дар хориҷ аз мамлакат таҳсилоти динӣ гиранд. 

Дар идома нишаст гуфта шуд, ки соли равон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими ҳаҷ 57 ҳазор сомонӣ муайян карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2023 ду ҳазор сомонӣ камтар аст. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфт, ки баъди сар задани бемории Covid — 19 нархи чипта ва дигар хизматрасониҳо дар ҳама минтақаҳои ҷаҳон баланд шуд ва бо кам гардидани вирус арзиши нархҳо низ поён рафт.

Дар идомаи нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ гуфта шуд, ки соли 2024 дар ҳудуди ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи қонуни ҶТ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар ҶТ» 1435 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 609 ҳолат зиёд мебошад. Қайд гардид, ки бештари ин ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар маъракаҳои арусию домодӣ ва тартиби гузаронидани маросимҳои ҳаҷ ошкор гардиданд.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои «Тоҷикистон»